Муаллифони платформа мегӯянд, ки «Tajikistan Newsroom» талош мекунад на бо шумораи мавод, балки бо сифати он фарқ кунад. Ба гуфтаи онҳо, дар платформа танҳо хабарҳои муҳим ва тасдиқшуда нашр шуда, дар оянда мусоҳибаҳои ихтисосӣ ва таҳлилҳои амиқ низ пешниҳод хоҳанд шуд.
Реклама / Advertisement
Оғози фаъолияти ин расона дар замоне сурат мегирад, ки вазъи фаъолияти расонаҳо дар Тоҷикистон солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ин созмонҳо борҳо аз маҳдудиятҳо дар фаъолияти рӯзноманигорони мустақил ва дастрасӣ ба баъзе манбаъҳои иттилоотӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.