Дар мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки фардо оғоз мешавад, аз Тоҷикистон 11 варзишгар дар вазнҳои гуногун иштирок хоҳанд кард. Акс аз сомонаи КМОТ Мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022” дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзҳои 21-23-уми октбри соли ҷорӣ баргузор гардида, дар он аз рӯи 14 вазн (7 вазнӣ байни мардон […]
Кормандони AZDA TV· 20.10.2022
Дар мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022”, ки фардо оғоз мешавад, аз Тоҷикистон 11 варзишгар дар вазнҳои гуногун иштирок хоҳанд кард.
Акс аз сомонаи КМОТ
Мусобиқаи ҷудои “Abu Dhabi Grand Slam 2022” дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ рӯзҳои 21-23-уми октбри соли ҷорӣ баргузор гардида, дар он аз рӯи 14 вазн (7 вазнӣ байни мардон ва занон) 430 варзишгар аз 66 кишвари ҷаҳон қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 варзишгар, аз ҷумла Шоҳида Қаландарова (то 57 кг) ва Мавлуда Одинаева (то 63 кг) миёни занон намояндагӣ мекунанд.
Реклама / Advertisement
Дар миёни мардон бошад, аз варзишгарони тоҷик Муслимбек Каримов (то 60 кг), Шаҳбоз Саидабуроров (-66 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода (то 100 кг) ва Темур Раҳимов (+100) қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ , аз ҷумла дар баробари медали тилло 5000 евро, барои барандагони медали нуқра 3000 ва брои медали биринҷӣ 1500 евро дода мешавад.