УМУМӢ
236 миллион доллари ХБА ба Тоҷикистон
Ба гуфтаи директори иҷроияи ХБА, хонум Кристалина Георгиева, ин тақсимот ҳамчун такони ҷиддии иқтисоди ҷаҳонӣ хизмат хоҳад кард ва агар оқилона истифода шавад, як имконияти беҳамто барои рафъи бӯҳрон хоҳад буд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки бо ин тақсимот иқтисоди ҷаҳонӣ, тавассути пур кардани захираҳои асъории кишварҳо ва коҳиш додани вобастагии онҳо аз қарзҳои гаронтари дохилӣ […]
Реклама / Advertisement
Тибқи тақсимот, Тоҷикистон 236 миллион доллар (СДР) мегирад. Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар Қазоқистон – 1,6 миллиард доллар, Ӯзбекистон 750 миллион доллар, Туркманистон 325 миллион доллар ва Қирғизистон 242 миллион доллар мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта ХБА барои мубориза бо пандемияи COVID-19 ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар ҷудо карда буд.