Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои пазириши донишҷӯёни Афғонистон ба донишгоҳҳои кишвар квота ҷудо кардааст.
Бино ба иттилои рӯзномаи “Ҷумҳурият“, 21-уми июли соли 2023 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки “имсол Ҳукумати кишвар барои шаҳрвандони Афғонистон 40 квота ҷудо намуд, то онҳо ройгон ба таҳсил фаро гирифта шаванд.”
Ба гуфтаи манбаъ, Тоҷикистон солҳо ин ҷониб барои афғонистониҳо чунин квота ҷудо мекард, вале ин “квотаҳо ба афғонистониҳои муқими кишвар, ки таҳсилро хатм кардаанд ва аттестати муътамади мактаби миёна доранд, ҷудо мегардад.”