Китоби “Тоҷикон”-и нависанда ва қаҳрамони миллии Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аз маъруфтарин китобҳои тоҷикон ба шумор рафта, таърих ва тамаддуни миллати тоҷикро аз даврҳои бостон то асри XX дар бар мегирад. Ин китоб як сол пас аз марги муаллиф, яъне соли 1978 дар Лаҳистон ба забони лаҳӣ тарҷума шудааст.
“Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Институти давлатии нашриёти PIW (Państwowy Instytut Wydawniczy (PIW)) ва дар матбааи давлати шаҳри Краков бо 50 ҳазор нусха дар ҳаҷми 694 саҳифа ба чоп расидааст. Нашриёти мазкур дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Варшава аз ҷониби давлати Лаҳистон соли 1946 пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст.