Қарор аст нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар якҷоягӣ размоиши муштаракаи низомӣ баргузор кунанд.
Бино ба иттилои хабаргузории “Тасним“-и Эрон, як ҳайати низомие зери раҳбарии генерал Шараф Эгамзод, ҷонишини Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба Эрон сафар карда, бо ҳамтои эронии худ “дар хусуси чигунагии баргузории размоишҳои мураккаб бо ҳамкории ду кишвар” гуфтугӯ кардааст.
Ба қавли манбаъ, дар рафти ин дидор Ҳусейн Валиванд Замонӣ, фармондеҳи Донишгоҳи фармондеҳӣ ва Ситоди артиши Эрон ҳам гуфта, ки “Донишгоҳи фармондеҳӣ ва Ситоди артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иртибот бо кишварҳои дӯст ва ҳампаймон, аз ҷумла Тоҷикистон дар тамоми ҳавзаҳо ва бавежа ҳавзаи дифоӣ ва низомӣ истиқбол мекунад ва умедвор ҳастем, ки таъомулоти байни ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад.”