Як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо навиштани аризаи шикоятӣ аз шаҳрдор Рустами Эмомалӣ барои ҳалли мушкилашон кумак хостанд.
Дар ин номаи дастаҷамъӣ, ки дар гурӯҳи фейсбукии “Ахбор барои афкор” аз номи корбар Одилов Дилшод нашр шудааст, сокинони кӯчаи Аҳмади Дониш 3, аз он шикоят карданд, ки дастаҷамъона бо кумаки саҳибкорон назди бинои иқоматгоҳи худро пурра асфалтпӯш карда, дарахту гулҳо шинонда буданд. Аммо дере нагузашта соҳибкоре, ки дар наздикии онҳо ба сохтани бинои баландошёна машғул аст, бо кашондани борҳои вазнин бо мошинҳои сангин заҳмату хароҷоти онҳоро барбод дадааст ва роҳи сохтаи сокинонро хароб кардааст.
Сокинони ин маҳал мегӯянд, талошҳояшон барои пешгирӣ аз харобкории ин соҳибкор ба масъулони ноҳияи Шоҳмансур, Раёсати корҳои дохилӣ ва шаҳрдори Душанбе бе натиҷа будааст. Муовини раиси ноҳия ба сакинон гуфтааст, ки сохтмони биное, ки соҳибкор сохтаистодааст, бо фармони Рустами Эмомалӣ аст. Аммо сокинон мегӯянд, набояд бо баҳонаи обод кардан, боз як ҷои ободи дигарро хароб кард.