Ҳукумати Амрико пас аз тирпарронии маргбор дар Донишгоҳи Браун, ки ҳафтаи гузашта рух дод ва боиси марги ду нафар гардид, тасмим гирифт барномаи лотареяи “Грин-карт”-ро муваққатан қатъ намояд.
Ин қарор бо дастури президенти ИМА Доналд Трамп гирифта шуда, аз сӯи Вазорати амнияти дохилӣ амалӣ мегардад. Кристи Ном, вазири амнияти дохилии кишвар, изҳор дошт, ки то анҷоми баррасии пурраи амниятӣ, судури виза ба ғолибони лотарея боздошта мешавад.
Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, сабаби асосии ин иқдом алоқамандии гумонбари ҳамла бо барномаи лотареяи муҳоҷиратӣ мебошад. Гуфта мешавад, гумонбар шаҳрванди Португалия буда, соли 2017 тавассути барномаи DV-1 ба ИМА ворид шуда ва мақоми иқомати доимӣ “Грин-карт” гирифта буд. Ҷасади ӯ рӯзи панҷшанбе пайдо шудааст.