Пеш аз ин, пайвандони Абдуллоҳи Шамсиддин дар суҳбат ба Azda tv гуфта буданд, ки вай 18-уми январи соли 2023 пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 18-уми январи соли ҷорӣ Абудллоҳи Шамсиддинро ба далели камбуд дар асноди буду бош ва адами ифшои ҳувият аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.
Пас аз ихроҷи ӯ то кунун чандин гирдиҳамоӣ ва эътирозҳое аз ҷониби мухолифин ва ҳамкорону дӯстони олмонии Абдуллоҳ сурат гирифт. Борҳо аз мақомоти расмии Тоҷикистон хоста шуд, ки макони буду боши ӯро эълон кунанд. Аммо мақомоти тоҷик то кунун хомӯшанд, касе аз ӯ ҳарфе намезанад. Ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ҳам ВКД ва ҳам додситонии кул аз куҷо будани Абдуллоҳ изҳори бехабарӣ карданд.
Ин хомӯшӣ ва изҳори бехабарии мақомоти тоҷик суолҳои зиёдеро дар зеҳни пайвандон ва ҳатто ҷомеаи тоҷик халқ кардааст, ки Абдуллоҳи Шамсиддин агар зиндаву саломат бошад, чиро намегӯянд дар куҷост ва кадом ниҳод ӯро боздошт кардааст?