Дар пайи ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав боз чор анфари дигар, ки се нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, боздошт шуданд.
Кормандони AZDA TV· 26.03.2024
Дар пайи ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав боз чор анфари дигар, ки се нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, боздошт шуданд.
Гуфта мешавад, мақомоти Русия бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи хунин ба “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорск се зодаи дигари Тоҷикистон ва як зодаи Қирғизистонро боздошт ва барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум карданд.
Аммо Диловар Исломов дар мусоҳиба бо нашрияи “Новая газета Аврупо” гуфтааст, як ҳафта пеш аз ҳодисаи хунин дар “Крокус Сити Ҳолл” мошинашро фурӯхта будааст ва аз дидани мошин дар расонаҳо дар ҳайрат мондааст.
Пас аз ин ба гуфтаи наздиконаш, худи Диловар ҳамроҳи бародараш ба шуъбаи пулис рафта, баёнот додааст, аммо баъд аз ин тамос бо ӯ қатъ шудааст.
Гуфта мешавад, Диловар соҳиби зану як фарзанд буда, шаҳрвандии Русияро дорад ва то замони боздошт дар шаҳри Твер ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекард. Аммо бародараш Аминчон соҳиби хафт фарзанд буда, қаблан ҳамчун ронандаи автобус кор мекардааст, аммо бо сабабҳои саломатӣ аз кор рафтааст. Падари онҳо Исроил Исмоилов, ки падари панҷ фарзанд аст шаҳрвандии Тоҷикистон ва иқомаи Русияро доштааст.
Аммо маълум нест онҳо дар чӣ шароите гуноҳро бар дӯш гирифтаанд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое аз рафти шиканҷаи ин афрод нашр шуданд ва ба мурофиаи додгоҳӣ онҳоро бо осори ҷароҳат дар сару рӯяшон оварданд.
Дар ҳамин мақомоти Тоҷикистон пайвандони гумонбарони ҳамла ба маркази мусиқии “Крокус Сити Ҳолл”-ро ба бозпурсӣ бурдаанд ва хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзҳои 25 ва 26-уми март ба хонаи Муҳаммад Файзов, Фариддуни Шамсиддин ва Саидакрам Раҷабализода дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Ваҳдат рафта, волидон ва ҳамсари онҳоро наёфтанд.
Ичнунин ба иттилои хабаргузории “Ройтерз”, ҳайати муфаттишон аз Русия барои суолу ҷавоб бо наздикони гумонбарон ба Тоҷикистон омадаанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ.нет” низ дар саҳфаи фейсбукаш аз боздошу бозпурсии пайвандони гумонбарон хабар дода гуфтааст, ки мақомот онҳоро маҷбур дорад, то иттиҳоми эълонкардаи мақомоти Русия нисбати фарзандонашонро қабул кунанд.
Ёдовар мешавем, ки шоми ҷумъаи 22-уми марти соли ҷорӣ пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” чанд нафар вориди бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Маскав шуда, сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Пас аз чанде дар толори консертӣ таркиш рух дод ва он бино оташ гирифт. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 137 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Пас аз ин ҳодиса худи ҳамон рӯз гурӯҳи террористии ДИИШ бо нашри наворе масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш гирифт.
Мақомоти Русия дар аввал номи чанд нафареро нашр карданд, ки гӯё дар ин ҳамла даст доштанд, аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин маълумотро рад карда гуфтанд, ки ду нафари онҳо моҳи ноябри соли 2023 ба Тоҷикистон баргаштаанд ва ҳоло дар кишвар қарор доранд.
Ичнунин як муҳоҷири дигари тоҷик бо номи Рустам Назарови 29-сола, ки дар Самара ба ҳайси ронандаи мусофиркашонӣ кор мекардааст, пас аз дидани акс ва номаш ҳамчун гумонбар дар расонаҳо ба мақомот муроҷиат кардааст. Ӯ замони рух додани ин ҳодиса ҳамроҳи волидайнаш дар хона хӯроки шом мехӯрдааст.
Дар ҳамин ҳол, як муҳоҷири кории дигар аз Русия бо шарти ифшо нашудани номаш ба Azda.tv хабар дод, ки яке аз пайвандонашро, ки насабаш ба яке аз гумонбарони ин ҳамлаи хунин монанд будааст, кормандони интизомии рус барои 5 соат боздошт карда, бераҳмона латтукӯб кардаанд. Ва баъд аз маълум шудан ӯро озод кардаанд.
Ин ҳамлаи хунин, ки ҷони даҳҳо нафарро гирифт, корбарони шабакаҳоии иҷтимоӣ ва коршиносонро ба ду гурӯҳ тақсим кардааст. Гурӯҳе бар ин боваранд, ки ин ҳодиса саҳнасозии мақомоти рус аст ва нафарони бегуноҳ боздошт шудаанд, аммо гурӯҳи дигар фарзияи мақомоти русро дар ин маврид қабул доранд.
Пас аз ин ҳодиса низ хабарҳо нашр мешавад, ки дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия фишор болои муҳоҷирони тоҷик бештар шуда, онҳо аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифта истодаанд.
Чанд муҳоҷири тоҷик аз Русия бо шарти ифшо нашудани номашон ба Azda.tv аз чандин ҳолати фишор болои муҳоҷирони тоҷик хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, корфармоён тоҷиконро аз кор ронда истодаанд, соҳибхонаҳо дигар ба муҳоҷирони тоҷик хона иҷора намедиҳанд ва ҳатто аз хона пеш аз муҳлат ронда истодаанду тоҷиконро ба мағозаву автобусҳо роҳ намедиҳанд.
Инчунин имрӯз чанд наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дида муҳоҷиронро гурӯҳ гурӯҳ аз Русия ихроҷ доранд. Аммо маълум нест, ки оё ҳамаи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва ё шаҳрвнадони дигар кишварҳо ҳам ҳастанд.
Коршиносон ва таҳлилгарон пас аз ин ҳодиса таъкид мекунанд, ки ин ҳамла як баҳонае барои мақомоти интизомии Русия ва шаҳрвандони оддии он барои озору азият ва ихроҷи муҳоҷирон ва бахусус тоҷикон хоҳад шуд.