Бонки миллии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар аз вуҷуди қаллобон ҳушдор дода, мегӯяд, онҳо дар шабкаҳои иҷтимоӣ талош мекунанд мардумро фиреб диҳанд.
Бонки миллӣ мегӯяд, шаҳрвандон бояд ҳангоми додани ҳамагуна маълумоти шахсӣ дар интернет аз эҳтиёт кор бигиранд. Чун гурӯҳҳое ҳоло дар бахши тоҷикии шабкаҳои ҷитмоӣ фаъол шудаанд, ки бо истифода аз номи БМТ таблиғоти бардурӯғ ирсол мекунанд ва аз корбарон бо роҳҳои гуногун маълумот мегиранд. Қаллобон ҳамчунин бо нашри эълонҳо корбаронро ба додани рақами корти бонкӣ ва рамзҳое, ки аз тарқии СМС ирсол мешавад, ташвиқ мекунанд.
Бонки миллӣ ҳамазон таъкид дорад, ки чунин эълонҳо ҳеч рабте ба Бонк надоранд ва аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки маълумоти шахсиашонро ба шахсони сеюм надиҳанд. Ҳангоми ҳамагуна суолу нофаҳмоӣ аз шаҳрвандон даъвт мешавад, ки танҳо ба рақамҳои боварии ин бонк: 44 600 15 20 тамос бигиранд.