Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар 89 ҳолати санҷиши аудтӣ ба маблағи 158,8 миллион сомонӣ қонуншикании молиявӣ ошкор шудааст.

Тавре раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чилазода рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи чорабиниҳои аудиторӣ 53 адад кам ва маблағи қонуншикании молиявӣ 75,6 миллион сомонӣ зиёд шудааст.
Ба гуфтаи вай, дар натиҷаи гузарондани санҷишҳои аудитӣ маълум гардида, ки мақомоти сохторҳои гуногун, 13,9 миллион сомониро ғайриқонунӣ харҷ карда, инчунин арзиши корҳои таъмиру сохтмониро ба маблағи 9,1 миллион сомонӣ аз будаш зиёдтар нишон дода ва 1,2 миллон сомонии дигарро аз худ кардаанд.