Бар асоси ин гузориш, Тоҷикистон дар панҷ соли ахир ҳудуди 700 миллион доллари амрикоӣ сармоя аз Қазоқистон ворид кардааст. Инчунин дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 92 корхонаи муштарак бо ҷалби сармояи Қазоқистон амал мекунанд ва дар аз сӯи дигар дар Қазоқистон низ 89 корхона бо иштироки соҳибкорони тоҷик фаъолият доранд.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон асосан ба Қазоқистон бархе маҳсулотиполезӣ ва ҳудуди 80 дарсади маҳсулоти меваи хушки худро содир мекунад. Қазоқистон ҳам ба Тоҷикистон орду гандум, бархе маҳсулоти ғалладонагӣ ва қисман ҳам маҳсулоти нафтӣ содир мекунад.