Афзоиши мушкилот ва навбатпоиҳои тӯлонии муҳоҷирон дар назди (ФМС)-и Русия (Видео)
То ҳол дар назди марказҳои муҳоҷират дар шаҳрҳои Русия муҳоҷирон барои тартиби аснод ва гирифтани иҷозатномаҳои корӣ рӯзҳо ва ҳафтаҳо навбатпоӣ мекунанд, вале корашон ба сустӣ пеш меравад. Як гурӯҳ аз корбарон рӯзи 23 июн бо ирсоли аксу наворҳо ба “Аздо тв” хабар доданд, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунанд ва барои гирифтани иҷозатномаи корӣ […]
Кормандони AZDA TV· 24.06.2021
То ҳол дар назди марказҳои муҳоҷират дар шаҳрҳои Русия муҳоҷирон барои тартиби аснод ва гирифтани иҷозатномаҳои корӣ рӯзҳо ва ҳафтаҳо навбатпоӣ мекунанд, вале корашон ба сустӣ пеш меравад.
Як гурӯҳ аз корбарон рӯзи 23 июн бо ирсоли аксу наворҳо ба “Аздо тв” хабар доданд, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунанд ва барои гирифтани иҷозатномаи корӣ (патент) чандин маротиба назди Хадамоти федералии муҳоҷират (ФМС) рафтаанд, аммо аз сабаби зиёд будани одамон ва навбатпоиҳои тӯлонӣ наметавонанд аснодашонро ба тартиб дароранд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи муқаррароти қаблии ҳукумати Русия 15 июн муҳлати қонунӣ кардани асноди будубоши муҳоҷирон ба охир расид. Ва мебоист онҳое, ки натавонистанд асноди будубоши худро ба даст оранд, аз Русия ихроҷ шаванд.
Реклама / Advertisement
Видео: аз муҳоҷирони корӣ. WhatsApp 2021-06-24 at 11:07:43
Аммо аз сабаби зиёд будани мардум дар назди марказҳои муҳоҷират ҳама натавонистанд, ки асноди худро қонунӣ кунанд. Президенти Русия Владимир Путин боз барои муҳоҷирон 90 рӯзи дигар муҳлат дод.