Яъне дар давоми камтар аз як сол танҳо дар як вилояти кишвар нисбат ба омори ақдҳои басташуда, 14,5 дарсадаш аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин оморро коршиносон нигаронкунанда мегӯянд.
Тавре Pressa.tj бо такя ба маълумоти шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон хабар дод, омори талоқ дар вилояти Хатлон нисбати ҳамин давраи соли гузашта 393 ҳолат зиёд мебошад.
Реклама / Advertisement
“Аз шумораи умумии ҷудошавии оилаҳо 2 ҳазору 528 ақди никоҳ бо қарори суд бекор карда шудааст. Боқимонда бо розигии ҳамсарон ва бо аризаи яке аз ҳамсарон ақди никоҳи хешро бекор кардаанд.”, омадааст дар гузориши ин расона.”
Гуфта мешавад, аз ин шумори оилаҳо (3 ҳазору 54)-е, ки барҳам хӯрдаанд, 3 ҳазору 490 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мондаанд. “Аз ҷамъи умумии кӯдаконе, ки падару модарашон аз ҳам ҷудо шудаанд, 3 ҳазору 404 кӯдак дар тарбияи модар ва 86 нафари дигар дар тарбияи падаранд.”
Ҳамзамон Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар сомонааш хабар додааст, ки дар давоми ҳафтаи ҷорӣ, яъне аз 5-ум то 9-уми декабр танҳо дар ҳамин ноҳияи пойтахт 16 ақди никоҳ бекор карда мешавад. Ин оморест, ки ба тариқи додгоҳ аз ҳам ҷудо карда мешаванд, аммо шумори онҳое, ки ба додгоҳ муроҷиат намекунанд, шояд аз ин ҳам бештар бошад.