Наздикон ва вакилони Чоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар ин мурофиа додситон ва ду нафар аз шоҳидон баромад кардаанд. Ба гуфтаи онҳо ин шоҳидон бар зидди Чоршанбиев гувоҳӣ додаанд.
Қарор буд мурофиаи Чоршанбе Чоршанбиев дар рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии КДАМ пушти дарҳои баста баргузор гардад. Вакилони дифои ӯ аз додгоҳ хоста буданд, ки муҳокимаи ӯ на дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ, балки дар худи додгоҳ баргузор шавад. Аммо ин дархости онҳо аз ҷониби додгоҳи Исмоили Сомонӣ рад шуд.
Варзишгари шинохтаи тоҷик рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет айбдор карданд. Ин моддаи Кодекси ҷиноии кишвар аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро рад мекунанд.