Сухангӯи Вазорати дифоъи Арманистон Шушан Степанян субҳи рӯзи якшанбе гуфт, ки артиши Озарбойҷон оташбаси муваққатиро, ки дар умури башардӯстона ба мувофиқа расидааст, бо партоби мушакҳо ва миномётҳо вайрон кард. Вазорати дифоъи Озарбойҷон низ чунин як иттиҳомро алайҳи ҷониби дигар кардааст.
Ба навиштаи хабаргузории “dw” баъзе нозирон аз он нигаронӣ доранд, ки даргириҳо дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ метавонад мунҷар ба ҷанги навбатие байни Русия ва Туркия шавад ва дар чунин ҳолат пойи кишварҳои дигари минтақа низ ба ин ҷанг кашида хоҳад шуд. Туркия бо Арманистон баҳси куҳна дорад, ки беш аз садсола таърих дорад ва он аз замони Ҷанги Ҷаҳонии якум ва таназзули Империяи Усмонӣ сарчашма мегирад. Русия ҳам бо Арманистон ва ҳам Озарбойҷон муносибатҳои дӯстона дорад, аммо ҳамчун як пуштибони ҳукумати Ереван дар муноқишаҳои ҳарбӣ шинохта мешавад.