Ширкати энергетикии давлатии Тоҷикистон – “Барқи Тоҷик” беш аз 20 миллиард сомонӣ қарздор аст.
Қурбонзода Абдулло, муовини раҳбари “Барқи Тоҷик” 30-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотие ба хабарнигорон гуфт, ки бо вуҷуди бахшида шудани қисме аз қарзҳо ин ширкат то ҳол 3,4 миллиард сомонӣ аз “Сангтӯда-1”, 3,7 миллиард сомонӣ аз “Сангтӯда-2”, 1 миллиард сомонӣ аз НБО «Роғун» ва 12 миллиард сомонӣ аз Вазорати молияи Тоҷикистон қарздор аст. Аммо ӯ сабабҳои қарздоршавии ширкат ва пардохт нашудани карзҳоро нагуфт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар як нишасти матбуотӣ Далер Ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, ки аҳолии кишвар барои истифодаи нерӯи барқ аз “Барқи Тоҷик” зиёда аз 1,7 миллиард сомонӣ қарздоранд. Ғайр аз мардум, чанде аз сохторҳои муҳими давлатӣ низ дар рӯйхати қарздорони бузург қарор дошта, ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО) — бо қарзи 718 миллион сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ — 238 миллион, идораҳои буҷетӣ — 108 миллион, ва корхонаҳои обу корез — 16,4 миллион сомонӣ ва дигар корхонаҳо – 1 миллиарду 685,6 миллион сомонӣ қарздор мондаанд.