“Барқи тоҷик” бояд $82 млн қарзи будҷаро баргардонад
Ширкати “Барқи тоҷик” муваззаф шудааст, ки имсол 82 миллион доллари қарзи гирифтааш аз ҳукуматро ба будҷаи давлат баргардонад. Бо як қарори Ҳукумати кишвар 7 корхонаи давлатӣ ва ширкатҳои саҳҳомӣ муваззаф шудаанд, ки соли оянда бояд ба будҷети давлат беш аз 992,2 млн сомонӣ (88 млн доллар) қарзҳояшонро пардохт кунанд. Аз ин миқдор маблағ тақрибан 93%-и […]
Кормандони AZDA TV· 16.12.2021
Ширкати “Барқи тоҷик” муваззаф шудааст, ки имсол 82 миллион доллари қарзи гирифтааш аз ҳукуматро ба будҷаи давлат баргардонад.
Бо як қарори Ҳукумати кишвар 7 корхонаи давлатӣ ва ширкатҳои саҳҳомӣ муваззаф шудаанд, ки соли оянда бояд ба будҷети давлат беш аз 992,2 млн сомонӣ (88 млн доллар) қарзҳояшонро пардохт кунанд.
Аз ин миқдор маблағ тақрибан 93%-и он (922,5 млн сомонӣ баробар ба 82 млн доллар) ба ШСХК “Барқи тоҷик” рост меояд. Гуфта мешавад, қарзи умумии кредитории ин ширкат то 1 июли соли ҷорӣ 29,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 2,7 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.