Видеои нашркардаи хадамоти матбуоти президент буд, ки бо ҳам дидем. Эмомалӣ Раҳмон дар сари миз нишастааст ва соҳибони хона дастҳо пеши бар ӯро гӯш доранд. Раисҷумҳур ба мизбонон ва ҳамин тавр, дар мулоқот бо як гурӯҳи занони кишоварзӣ тарзи пухтани нону хӯрокҳои миллӣ ва ҳамчунин тарзи тайёр кардани хӯриш аз барги лаблабу ва аз селдерейро меомӯзонад.
Хабарнигори телевизиони“Настоящее Время”, Анушервон Орифов баъд аз гузоришаш дар робита ба меҳмонӣ рафтани президент ба хонаи сокинон ва аз мавҷи ҳамрасонӣ шудани ин мавзӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ – , ки нахуст аз Хадамоти матбуоти Президент нашр шуда буд, бо гузорише бозгӯ кард ва вазорат инро бащона карда хабарнигорро рӯзи 4 август аз аккредитатсиямаҳрум кард. Мӯҳлати иҷозаи кории Анӯшервон рӯзи 1-уми август ба поён расид, вале вазорат онро тамдид накард.
Як соли пеш вазорат бо таъкид як пешниҳоде карда буд, “онҳое, ки ҳамчун корманди “Радиои Озодӣ” сабти ном нагардидаанд, ҳаққи идомаи фаъолияти рӯзноманигорӣ дар нашрияҳои иттилоотии дигар дар Тоҷикистонро доранд.”
Дар ҳоли ҳозир вазорат аз додани аккредитатсия ба чандин корманди Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Ва феълан 11 хабарнигори Озодӣ дар кишвар аз иҷозатномаи кор маҳрум ҳастанд.