УМУМӢ

Бародари Рамазон Раҳимзода вазифаи нав гирифт

Имрӯз бо Фармони Президенти Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳимзода, бародари вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода вазифаи нав гирифтааст. Акс аз саҳфаи фейсбукии ХМП Дар Фармони нави Эмомалӣ Раҳмон чунин омада: “Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.” Раҳмоналӣ Раҳимзода, қудои хоҳари Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта корманди гумрук буд […]

Имрӯз бо Фармони Президенти Тоҷикистон Раҳмоналӣ Раҳимзода, бародари вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода вазифаи нав гирифтааст.

Акс аз саҳфаи фейсбукии ХМП

Дар Фармони нави Эмомалӣ Раҳмон чунин омада: “Раҳимзода Раҳмоналӣ Ҳамро муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.”

Раҳмоналӣ Раҳимзода, қудои хоҳари Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта корманди гумрук буд ва дар чанд соли ахир Сардори Раёсати ташкилоти мубориза бо ҳуқуқвайронкунии гумрукиро бар уҳда дошт.

Пеш аз ин бархе расонаҳои мансуб ба мухолифин, аз ҷумла “Ислоҳ.нет” бо нашри як гузориши муфассал Раҳмоналӣ Раҳмизодаро ҳамчун миёнарави бародараш Рамазон Раҳимзода дар фурӯши мансабҳо дар Вазорати корҳои дохилӣ муттаҳам карда буд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.