Тасвиби ин созишномаро беш аз 800.000 шаҳрванди Тоҷикстон интизоранд, ки дар Русия кор мекунанд ва ба гирифтани нафақа дар пиронсолӣ умед мебанданд. Ба гуфтаи Дилмурод Давлатзода феълан 220 .000 шаҳрванди Тоҷикистон нафақаи русӣ мегиранд,ки онҳо мақоми душаҳрвандӣ ҳам аз Русия ва ҳам аз Тоҷикистонро доранд.
Реклама / Advertisement
Ёдрас мекунем, ки тарҳи созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи танзиму ҳамоҳангии таъминоти нафақавии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар нимаи дуввуми соли 2016 таҳия шуда буд. Дертар Русия ин санадро бо илова ва пешниҳодҳо ба коркарди такрорӣ ба ҷониби Тоҷикистон дод. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пештар хабар дода буд, ки коршиносони ду тараф иҷрои ин созишномаро ҳамоҳанг карда истодаанд. Тибқи маълумоти манобеи мухталиф дар Русия солона аз 1 то 2 миллион шаҳрванди қобили кори Тоҷикстон кору зиндагӣ мекунанд.