Аз ҷумла аз чанд шаҳру ноҳияҳои кишвар дар тамос ба “Аздо тв” дар бораи “Облава” баъд аз 100% иҷро гардидани даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳ гуфтанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони “Аздо тв” дар Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат ва Бохтар ҷавонон аз ҷониби кормандони маҳаллии КДАМ “облава” гардида, ба комиссариятҳои ҳарбӣ равона мегарданд ва аз наздикони онҳо 20 ҳазор сомонӣ барои озод намуданашон талаб карда мешавад. Бисёри наздикони ин ҷавонон маҷбур шудаанд, то аз бонкҳо қарз бигиранд ва ё дороиҳои худро фурӯхта фарзандони худро наҷот диҳанд.
Пештар аз ин Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ низ аз “облава” ва латукуб шудани писараш аз ҷониби кормандони комиссарияти ҳарбии шаҳри Ҳисор хабар дода буд.