Инчунин Зубайдулло Зубайдзода бо Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башшор Ҷаъфарӣ дидор карда, бо ӯ низ масъалаи базгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватанро ба миён гузоштааст.
Гуфта мешавад, пас аз оғози ҷангҳои дохилӣ ва зуҳури ДИИШ дар Сурия ва Ироқ хеле аз шаҳрвандони кишварҳои дунё, аз он ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони таъсиси “хилофати исломӣ” ба онҳо пайвастанд.
Дар байни тоҷикистониҳое, ки ба ин созмони террористӣ пайваста буданд, нафароне низ аз кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон, аз он ҷумла сарҳанги Вазорати корҳои дохилии Гулмурод Ҳалимов ҳам ҳузур дошт, ки ахиран ба симати Вазири дифои ДИИШ таъин шуда буд.
Пас аз суқути давлати “хилофати исломӣ”-и ДИИШ даҳҳо нафар аз занону кӯдакони онҳо дар Сурияву Ироқ банд монданд ва мақомоти Тоҷикистон пеш аз ин ҳам бо кумаки дигар созмонҳо қисме аз онҳоро ба Ватан баргардонида буданд.