УМУМӢ

Бидузд, мансабдор, ҳар қадар метавонӣ бидузд!

Мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳии Тоҷикистон бо судури ҳукми раиси собиқи Фурӯдгоҳи Душанбе ва ҳамкоронаш бузургтарин ангезаро барои дуздии амволи давлат ба мансабдорон доданд: ҳар қадар, ки метавонӣ бидузд, агар дастгир шудӣ, пулҳои дуздидаатро бармегардонӣ ва ба ҳар ҳазор сомонии дуздидаат 16 дирам ҷарима пардохт мекунӣ. агар дастгир нашудӣ, ҳалолат бод! Исматулло Абдуллозода, раиси собиқи Фурӯдгоҳи […]

Бидузд, мансабдор, ҳар қадар метавонӣ бидузд!

Мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳии Тоҷикистон бо судури ҳукми раиси собиқи Фурӯдгоҳи Душанбе ва ҳамкоронаш бузургтарин ангезаро барои дуздии амволи давлат ба мансабдорон доданд: ҳар қадар, ки метавонӣ бидузд, агар дастгир шудӣ, пулҳои дуздидаатро бармегардонӣ ва ба ҳар ҳазор сомонии дуздидаат 16 дирам ҷарима пардохт мекунӣ. агар дастгир нашудӣ, ҳалолат бод!

Исматулло Абдуллозода, раиси собиқи Фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе, ки ба дуздии беш аз миллиард сомонӣ гунаҳкор дониста шуда буд, баъди пардохти ҷарима ва “барқарор кардани зарари расонидааш” аз ҷавобгарӣ озод шудааст. Гуфтанист ҷаримаи пардохтаи ӯ баробар ба 0,016 дарсади пулҳои дуздиаш аст. Дар ин бора раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Рустам Мирзозода имрӯз, 21 июл дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеъаш хабар дод. 

Ба гуфтаи додраси рақами аввали кишвар, бинобар дуздии беш аз як миллиард сомонӣ, ҷазои Исматулло Абдуллозода ин будааст, ки чаҳор сол ҳақи ишғоли мансабҳои раҳбарикунандаро надорад.  

Абдуллозода ва панҷ нафар зердастони ӯ соли гузашта баъди ошкор шудани дуздии амволи давлат дар ҳаҷми 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили 13,5 миллион доллар дастгир шуда буданд. Рӯзи 30 январи соли ҷорӣ, додгоҳ панҷ зердасти Абдуллозодаро “баъди пардохти ҷарима ва барқарор кардани зарари расонидашуда” дар толори додгоҳ озод кард. Худи Абдуллозода боз муддате дар боздошт монд, аммо каме дертар бо далели пардохти ҷарима ба барқарор кардани қисмате аз зарари расонидааш дар ҳаҷми 93,8 миллион сомонӣ ба озодӣ баромад. 

Тибқи танҳо даъвои ҷонибҳои зарардида, худи раиси фурӯдгоҳ беш аз 960 миллион сомониро дуздида буд. Яъне маблағҳои дуздидаи ӯ метавонад бамаротиб бештар бошад. Маблағи барқароркардаи ӯ, ки расонаӣ шуд, яъне 93,8 миллион сомонӣ даҳ дарсади пулҳои дуздидаашро ҳам ташкил намедиҳад. Аммо танҳо баъди эълони имрӯзаи раиси Додгоҳи Олӣ маълум гашт, ки гӯё Абдуллозода “зарарро пурра барқарор” кардааст.

Дар ҳамин ҳол аз ҷузъиёти баргардонидани пулҳои дуздидаи Абдуллозода маълумоте дастраси расонаҳо нагардид, ки суолҳои зиёдеро бармеангезад:

  • Чӣ гуна ва куҷо Абдуллозода тавонист дар муддати се-чаҳор моҳ қариб як миллиард сомониро пайдо ва зарарро ҷуброн кунад? Агар ӯ қисмате аз ин пулҳоро дар ҷое нигоҳ медошт, қисмати дигарашро ҳатман масраф карда буд – барои сохтмони чанд хонаву қасрҳое, дар ин муддат сохт ва ғайра. 
  • Оё тафтишот маълумот дар бораи манбаъи пулҳои баргардонидаи ӯро дар даст дорад ва агар ҳа чаро дастраси ҷомеъа намесозад? Пул, ки аз кисаи мардум дуздида шудааст.
  • Ҷонибҳои зарардида, ки даъвои дуздида шудани пулҳояшон аз ҷониби Абдуллозода ва ёронашонро кардаанд, киҳо буданд ва оё худи онҳо ҷуброни зарарро тасдиқ кардаанд?

Муҳимтарин суол инҷо дигар аст: оё ин қарори додгоҳ боз кардани дасти мансабдорони дигар барои дуздии амволи давлату мардум нест? Вақте моҳонаи мансабдор ба харидани ҳатто гӯшти шикамсерӣ намерасад, мансабро бо пул харидааст ва мутмаъин аст, ки миллиардҳо сомонӣ ҳам дуздӣ кунад, агар дуздиаш ошкор шуд бо баргардонидани он аз ҷавобгарӣ озод мешавад, чаро дуздӣ накунад?

Аслан роҳ барои дуздии мансабдоронро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2010, №617 боз кард. Он вақт ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид шуд ва пешбинӣ гардид, ки агар айбдоршаванда то баровардани ҳукми додгоҳ зарари моддиро пурра ҷуброн кунад, барои як қатор ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ нисбати ӯ татбиқ намешавад.

Баъдан ин меъёр якчанд маротиба васеътар карда шуд:

  • соли 2011 рӯйхати моддаҳое, ки ин имтиёз ба онҳо татбиқ мешавад, зиёд гардид;
  • солҳои 2024 ва 2025 низ ба Кодекси ҷиноятӣ иловаҳо ворид шуданд ва баъзе ҷиноятҳои дигар низ ба ин рӯйхат дохил карда шуданд.

Бо қабули ин қонун давлат расман эътироф кард дуздӣ ва фасод барои мансабдор чандон ҷинояте нест. Ҳоло бо судури ҳукми Исматулло Абдуллозода Додгоҳи Олии Тоҷикистон эълон кард: Бидузд, мансабдор, ҳар қадар метавонӣ бидузд!

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.