Биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур сохтаанд мушкилии зиёд доранд
Asia-Plus дар як гузориши видеоии худ аз вазъи биноҳои сохтаи ширкати Бег Сабур ва шикояти истиқоматкунандагони он хабар дод. Яке аз истиқоматкунандагони ин биноҳо, Маҳина Муродӣ мегӯяд, дар хонае, ки ӯ зиндагӣ мекунад баъзе деворҳо гачиянд (гипсокартон) ва ҳангоми борон нам мекашанду обро мегузаронанд. Ба гуфтаи Маҳина Муродӣ дар бинои сохтаи ширкати Бег Сабур бо […]
Кормандони AZDA TV· 12.02.2021
Asia-Plus дар як гузориши видеоии худ аз вазъи биноҳои сохтаи ширкати Бег Сабур ва шикояти истиқоматкунандагони он хабар дод.
Яке аз истиқоматкунандагони ин биноҳо, Маҳина Муродӣ мегӯяд, дар хонае, ки ӯ зиндагӣ мекунад баъзе деворҳо гачиянд (гипсокартон) ва ҳангоми борон нам мекашанду обро мегузаронанд.
Ба гуфтаи Маҳина Муродӣ дар бинои сохтаи ширкати Бег Сабур бо аҳли оилааш 1 сол мешавад, ки зиндагӣ доранд ва ҳамарӯза ба мушкилоти зиёде дучор мешаванд.
Реклама / Advertisement
“Лифташ зуд-зуд вайрон мешавад ва пиёда мебароем, – мегӯяд ӯ. – Обаш дар гармиҳо зуд-зуд хушк мешавад. Ман тӯли сол 1,5 моҳ бе об будам. Аз ҳамсоя бо сатил об мебиёрам. Гоҳе мешавад, ки мотор аз кор мемонаду ҳафтаҳо бе об мемонем. Аз якум ошёна то 14-ум ман ҳамин тӯли сол об кашонидаам. Ҳамчунин вақти боришоту борон аз ду тирезаам об медарояд. Аз ду тарафи деворҳо намӣ мегузарад. Об аз тирезаҳои ман шабҳо ширрост ба хона мерезад”,-мегӯяд ӯ.