Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав Нарзуллоев Сайёдҷонро бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт кард.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Нарзуллоев Сайёдҷон Боймуродович ҳангоми фаъолиятӣ корӣ аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки номаш зикр нашудааст, барои омода карда додани шаҳодатномаи ҳарбии “корношоямӣ” 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, аз ин миқдор 5 ҳазор сомонияшро гирифтааст.
“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Нарзуллоев С.Б. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2000 сомонии дигар дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.”, омадааст дар хабар.