Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо гумони тероризим ва ғоратгарӣ
Хабаргузории “Фантанка”, хабар дод, ки мақомоти қудратии Русия дар шаҳри Маскав чанд шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд, ки дар байни боздоштшудагон ду шаҳрванди Тоҷикистон низ будаанд. Ба ин иттилои ин хабаргузорӣ, амалиёти вижаро мақомоти Санкт-Петербург якҷо бо кормандони хадамоти ҳифзи сохти конститутсионӣ ва мубориза бо терроризми Раёсати ФСБ Русия дар шаҳру вилояти Маскав ва ҳамчунин мутахассисони […]
Кормандони AZDA TV· 19.10.2020
Хабаргузории “Фантанка”, хабар дод, ки мақомоти қудратии Русия дар шаҳри Маскав чанд шаҳрванди хориҷиро боздошт карданд, ки дар байни боздоштшудагон ду шаҳрванди Тоҷикистон низ будаанд.
Ба ин иттилои ин хабаргузорӣ, амалиёти вижаро мақомоти Санкт-Петербург якҷо бо кормандони хадамоти ҳифзи сохти конститутсионӣ ва мубориза бо терроризми Раёсати ФСБ Русия дар шаҳру вилояти Маскав ва ҳамчунин мутахассисони бозҷӯии ин шаҳр анҷом доданд.
Дар идомаи хабар гуфта шудааст, ки дар рафти тафтишот аз манзили муҳоҷирон силоҳ ва адабиёти мамнӯи экстремистӣ пайдо карда шудааст.
Реклама / Advertisement
Гуфта мешавад, яке аз тоҷикистониёни боздоштшуда дар Русия ғайриқонунӣ қарор дошта, бидуни ҳеҷ санади расмии будубош будааст, нафари дигар дар Маскав сабтином шудааст.