УМУМӢ

Боздошти як тоҷикистонӣ бо иттиҳоми қочоқи афюн дар Қирғизистон

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон як тоҷикистониро бо гумони қочоқи 8 килову 350 грамм афюуни хом боздошт карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод. Акс аз КДАМ-и Қирғизистон 25-уми май хабаргузории қирғизии 24.kg бо такя ба маркази матбуоти КДАМ-и Қирғизистон хабар дод, ки гумонбар дар ҷараёни гузаронидани як амалиёти вижаи мақомоти […]

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон як тоҷикистониро бо гумони қочоқи 8 килову 350 грамм афюуни хом боздошт карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод.

Акс аз КДАМ-и Қирғизистон

25-уми май хабаргузории қирғизии 24.kg бо такя ба маркази матбуоти КДАМ-и Қирғизистон хабар дод, ки гумонбар дар ҷараёни гузаронидани як амалиёти вижаи мақомоти марзбонии Қирғизистон боздошт шудааст. Боздоштшуда дар қочоқи маводи мухаддири навъи афюн ба кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия муттаҳам мешавад.

“Дар марз бо Тоҷикистон дар деҳаи Арқаи ноҳияи Лейлек як шаҳрванди кишвари ҳамсоя дастгир шудааст. Аз ӯ афюни хом, ки вазни умумии он 8 киллову 350 грамро ташкил медиҳад, мусодира карда шуд. Боздоштшуда дар боздошгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон қарор дорад. Муайян кардани иштирокчиёни дигари ҷиноят идома дорад”, – омадааст дар хабари 24.kg ба нақл аз КДАМ-и Қирғизистон.

То ҳол дар ин бора мақомоти расмии Тоҷикистон вокунише накардаанд. Ҳувият ва макони зисти боздоштшуда дар кишвар маълум нест.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.