УМУМӢ

Боздошти шавҳар бо гумони қатли ҳамсар

Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мардеро боздошт карданд, ки дар қатли ҳамсараш бо роҳи бӯғӣ кардан гумонбар дониста мешавад. Акс аз Интернет Ба иттилои манбаъ, “номбурда, 4-уми декабри соли 2021, тахминан соати 11:00, дар 8-ум ошёнаи бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ҳамсараш зани 22-солаи сокини ноҳияи Файзободро аз сабаби муноқишаи оилавӣ […]

Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мардеро боздошт карданд, ки дар қатли ҳамсараш бо роҳи бӯғӣ кардан гумонбар дониста мешавад.

Акс аз Интернет

Ба иттилои манбаъ, “номбурда, 4-уми декабри соли 2021, тахминан соати 11:00, дар 8-ум ошёнаи бинои сохтмонаш нотамом, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахт, ҳамсараш зани 22-солаи сокини ноҳияи Файзободро аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо банд бӯғӣ карда, ба ҳалокат расонида, баъдан дар таги қум пинҳон намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”

Мақомоти корҳои дохилӣ бидуни зикр ном гуфтааст, ки гумонбаршуда сокини 28-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳасту ҷабрдида сокини 22-солаи ноҳияи Файзобод. Мақомто мегӯяд, гумонбар боздошт ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишотро оғоз кардааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.