ФАРҲАНГ ҲОДИСАҲО

Боздошти як блогер барои таҳқири Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”

Мақомоти Эрон нисбат ба Зайнаб Мусавӣ, блогери маъруфи танзпардоз, бо иттиҳоми таҳқири Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин блогер дар як навори видеоӣ бо истифода аз калимаҳои таҳқиромез ва мазҳакаомез “Шоҳнома” ва шахсияти Фирдавсиро масхара кардааст. Ин иқдом боиси вокуниши густарда дар ҷомеаи Эрон гардид. Устодон ва […]

Боздошти як блогер барои таҳқири Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”

Мақомоти Эрон нисбат ба Зайнаб Мусавӣ, блогери маъруфи танзпардоз, бо иттиҳоми таҳқири Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин блогер дар як навори видеоӣ бо истифода аз калимаҳои таҳқиромез ва мазҳакаомез “Шоҳнома” ва шахсияти Фирдавсиро масхара кардааст. Ин иқдом боиси вокуниши густарда дар ҷомеаи Эрон гардид. Устодон ва пажӯҳишгарони адабиёт гуфтаанд, ки чунин рафтор “беҳурматӣ ва таҳқири мустақим ба ҳувияти миллӣ” мебошад.

Аббос Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар робита ба ин ҳодиса изҳор дошт:
“Бархе мехоҳанд бо корҳои нодир ва баҳсбарангез машҳур шаванд. Фирдавсӣ ҳазор сол аст, ки бо “Шоҳнома”-и худ пояи ҳувияти миллии Эронро устувор кардааст ва бо чунин суханон аз бузургии ӯ ҳеҷ чиз кам намешавад”.

Ин баҳс дар Эрон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ бо харҷи миллионҳо доллар аз сӯи Ҳукумат бознашр шуда ва айни замон ба таври ройгон миёни мардум тақсим карда мешавад.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.