
Субҳи имрӯз 23, сентябр Маҳмадӣ Тешаев собиқ раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз боздошти аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Ба гуфтаи Тешаев дар Тоҷикистон мақомот зиёда аз 50 аъзоёни ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакиро боздошт кардаанд. Маҳмадӣ Тешаев дар як сӯҳбат ба “Azda TV” гуфт,
дар миёни боздоштшудаҳо собиқ муовини раиси бахши ҲНИТдар ноҳияи Рӯдакӣ, Умаров Зиёвуддин, масъули фарҳанги бахши ҲНИТ ҳамин ноҳия, Умаров Сириҷиддин, масъули тафтишотии бахши ҲНИТ ноҳияи мазкур, Набиев Донаёри 87-сола ва раиси бахши ҷавонони ҲНИТ, Сангов Раҳмиддин дастгир шудаанд. Аксари ин боздоштшудаҳоро баъд аз бозпурсии тӯлонӣ ба хонаҳояшон ҷавоб додаанд. Вале 3 нафар, аз ҷумла муйсафеди 87-сола Набиев Донаёр ва раиси бахши ҷавонони ҲНИТ дар ноҳияи Рудакӣ, Сангов Раҳмиддин то ҳол дар боздошт қарор доранд. Сабаби ин боздоштҳоро Тешаев дар суҳбат бо “AzdaTV” чунин шарҳ дод.