Ҷасади чаҳор паноҳҷӯ дар марзи Беларус ва Лаҳистон
Ҷасади беҷони чаҳор паноҳҷӯ, аз ҷумла як зани ироқӣ, дар марзи Лаҳистону Беларус пайдо шудааст. Сурат: agencjagazeta.pl Шоми якшанбе 19 сентябр Хадамоти марзбонии Лаҳистон эълом кард, ки се ҷасадро дар ҷойҳои алоҳида дар марз бо Беларус пайдо кардаанд. Инчунин ҷасади як зани дигареро, ки як метр дуртар аз сарҳади Лаҳистон будааст, пайдо кардаанд. Аммо мақомоти […]
Кормандони AZDA TV· 20.09.2021
Ҷасади беҷони чаҳор паноҳҷӯ, аз ҷумла як зани ироқӣ, дар марзи Лаҳистону Беларус пайдо шудааст.
Сурат: agencjagazeta.pl
Шоми якшанбе 19 сентябр Хадамоти марзбонии Лаҳистон эълом кард, ки се ҷасадро дар ҷойҳои алоҳида дар марз бо Беларус пайдо кардаанд. Инчунин ҷасади як зани дигареро, ки як метр дуртар аз сарҳади Лаҳистон будааст, пайдо кардаанд. Аммо мақомоти Беларус иддао дорад, ки ҷасади занро дар марз бо Лаҳистон пайдо кардааст.