УМУМӢ
Муаррифии сафири нави Амрико дар Тоҷикистон
Президенти Амрико Ҷо Байден номзад ба сафири нав дар Тоҷикистонро муъарифӣ кард. Ҷо Байден ва Мануэл П. Микаллер 22-уми июни соли 2022, Ҷо Байден Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо судури Ҷон Марк Поммершайм Мануэл П. Микаллер, Сафири барҳол (феълии) Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро иваз хоҳад кард. Ҷон Марк Поммершайм ба […]
Мануэль П.Микаллер, хурдӣ, дипломати аршади дастгоҳи равобити хориҷӣ, ва дорои унвони вазир-мушовир мебошад.
Ҳоло ӯ ба ҳайси муовини сафири ИМА дар Катмандуи Непал кор мекунад. пеш аз ин, Микаллер дар Сафорати ИМА дар Улан-Батор, Муғулистон муовини сардори намояндагӣ (ва кордори муваққатӣ) буд.
Микаллер инчунин дар вазифаи муовини директори Дафтари Ҳиндустон дар Бюрои умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Вазорати Умури Хориҷа дар Вашингтон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар вазифаи раиси шӯъбаи сиёсӣ-иқтисодии сафорати ИМА дар Тоҷикистон кор кардааст.
Вай дар корномаи дипломатии худ таҷрибаи кор дар кишварҳои Марокаш, Муғулистон, Непал ва Тоҷикистонро дорад.
Мануэль П.Микаллер, мадраки лисонси (бакалавр) худро аз Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс ва магистерияшро дар риштаи мудирияти бозаргонӣ аз Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон дарёфт кардааст. Ӯ ҳамчунин фориғутаҳсили Донишгоҳи Дифоъи Миллӣ мебошад. Вай забонҳои русӣ, порсӣ-тоҷикиро медонад.