Мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон метро месозанд. Аммо кай сохтмони он оғоз мешавад ва коргарон аз кадом кишвар ба сохтани он ҷалб мешаванд, маълум нест.
Тавре Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дод, рӯзҳои 17-19 октябри соли 2022 вазири ин ниҳод Завқизода Завқӣ Амин ҳамчун раиси ҳайати расмии кишвар бо намояндагони боломақомои иқтисодӣ ва тиҷоратии Кореяи Ҷанубӣ мулоқот анҷом дод.
“Вазири рушди иқтисод ва савдо, ҳамраиси қисми Тоҷикистони комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Завқизода Завқӣ Амин дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) Cон Ҳюк-Санг, Президенти Агентии пешбурди савдою сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ (KOTRA) Ю Ҷонг Йол, Роҳбари кумитаи махсуси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Сух Бюнгсу, роҳбарияти бонки содиротию воридотӣ (EXIMBANK), Вазорати савдо, саноат ва энергетика ва ширкати роҳи оҳани миллӣ, инчунин корхонаҳои истеҳсоли мошинҳои электрикӣ, нассоҷӣ, панелҳои офтобӣ, истихроҷи маъдан, рақамикунонии иқтисодиёт, сохтмони IT Park, моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯриҳо баргузор намуд.”, омадааст дар хабари вазорат.