Як ронандаи мошини Мерседес шоми 7-уми декабр дар ҳолати мастӣ мошинро бо суръати баланд ронда, 4 узви як оила-зану шавҳар ва ду фарзанди хурдсоли онҳоро пахш намуд. Субҳи 8-уми декабр падари хонадон дар беморхона аз дунё даргузашт.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ронандаи мошини “Мерседес Бенс-200” Гафаров Нуралӣ Ҳусайнович соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, “дар ҳолати сархушии баланд қарор дошта, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавсӣ, аз самти кӯчаи Қосимова ба самти кӯчаи Борбад бо сабаби баланд будани суръати автомашина аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, нахуст бо қисмати қафои автомашина ба деворчаи бетонии байни роҳ бархурда, сипас 4 нафар пиёдагардонро пахш намудааст.”
Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин садамаи мудҳиш 4 узви як оила – марди 39-сола, ҳамсари 33-сола ва ду фарзанд, яке 8 ва дигаре 3-сола, ки ҳама низ бошандагони пойтахт будаанд, захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона мунтақил шуданд. Аммо субҳи 8-уми декабр марди хонадон Абдухолиқов Ҷамшед Файзалиевич бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона даргузашт.