Дар нишасти САҲА аз таъқибу боздошти рӯзноманигорон гуфтанд
Дар рӯзи сеюми нишасти САҲА дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон аз таъқибу боздошти рӯзноманигорони тоҷик, зиндониёни сиёсӣ ва фишор болои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар гуфтанд. Нишасти навбатии САҲА, ки “Озодиҳои асосӣ” ном дошт ва мавзуъҳои озодии андеша ва баён, озодии ВАО ва бехатарии журналистонро дар бар мегирифт, дар он намояндаи “Маркази Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи […]
Кормандони AZDA TV· 04.10.2023
Дар рӯзи сеюми нишасти САҲА дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон аз таъқибу боздошти рӯзноманигорони тоҷик, зиндониёни сиёсӣ ва фишор болои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар гуфтанд.
Нишасти навбатии САҲА, ки “Озодиҳои асосӣ” ном дошт ва мавзуъҳои озодии андеша ва баён, озодии ВАО ва бехатарии журналистонро дар бар мегирифт, дар он намояндаи “Маркази Тоҷикистон дар мавриди ҳуқуқи башар” Илҳомҷон Ёқубов суханронӣ намуд. Ӯ зимни суханронияш тахкид кард, ки тайи чанд соли ахир бо далоили сиёсӣ режими Эмомалӣ Раҳмонов беш аз 30 хабарнигорро ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндон маҳкум кардааст.
Илҳомҷон Ёқубов мегӯяд, танҳо дар соли гузашта беш аз даҳ рӯзноманигор бо иттиҳоми сохта боздошт ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ, аз ҷумла Улфатхоним Мамадшоева ба 21 сол, Далери Эмомалӣ ба 10 сол ва Абдулло Ғурбатӣ ва Завқибек Аминӣ 7 сол маҳкум шуданд.