Дар Русия барои муҳоҷирони кирокаш маҳдудиятҳо ҷорӣ мекунанд?
Акс: vedomosti.ru Чанде аз роҳбарони шаҳру вилоятҳои бузурги Русия дар охири моҳи октябр ба сарвазири ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки танҳо ба шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони давлатҳои узви Иттиҳоди Авроосиё иҷозаи фаъолият дар таксиҳоро диҳанд ва дигар шаҳрвандонро аз ин кор боз доранд. Дар ин бора хабаргузории Ведомости иттилоъ медиҳад. Бино ба навиштаи ин сомона […]
Кормандони AZDA TV· 10.11.2020
Акс: vedomosti.ru
Чанде аз роҳбарони шаҳру вилоятҳои бузурги Русия дар охири моҳи октябр ба сарвазири ин кишвар пешниҳод кардаанд, ки танҳо ба шаҳрвандони Русия ва шаҳрвандони давлатҳои узви Иттиҳоди Авроосиё иҷозаи фаъолият дар таксиҳоро диҳанд ва дигар шаҳрвандонро аз ин кор боз доранд. Дар ин бора хабаргузории Ведомости иттилоъ медиҳад.
Бино ба навиштаи ин сомона шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин, губернатори Санкт-Петербург, Александр Беглов ва раҳбарияти вилоёти Маскав ва Ленинград, Александр Воробев ва Александр Дрозденко аз сарвазири Русия, Михаил Мишустин дархост кардаанд, ки қонун дар бораи мусофиркашонӣ дар ҳудуди Русия таҷдиди назар бишавад.
Кобинаи вазирони Русия дар ҷавоби масъулони баландпояи ин кишвар гуфта, ки пешниҳоди шумо дар баррасӣ қарор дорад.