Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли масолеҳи деворӣ (хиштбарорӣ) 133,7 миллион дона хишти сохтмонӣ, 55,6 миллион дона хишти сементӣ, 98,7 ҳазор метри мураббаъ хишти роҳрав ва 31 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст.
Шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи деворӣ (хиштбарорӣ) 129 ададро ташкил дода, дар онҳо 2406 нафар коргарон кор мекунанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 16, вилояти Суғд 48, ВМКБ 1, НТҶ 56 ва шаҳри Душанбе 6 корхона фаъолият дорад.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмон 45,7 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 27,3 миллион долларро ташкил дод, ки содирот нисбат ба соли гузашта 18,4 миллион доллар зиёд гардидааст.
Тибқи навиштаи сомонаи Вазоати саноат зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурўши семент гуфта шудааст, ки маблағи он 45,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди воридотро кошин (9,4 млн доллар), шиша (5,8 млн доллар), гаҷкартон (4,6 млн доллар) ва маснуоти санитарӣ (0,6 млн доллар) ташкил додааст.
Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои сементбарорӣ 5,6 миллион тоннаро ташкил дода, аз 16 корхонаҳои хурду калон 15 адади он фаъолият карда, 1 корхона бо сабабҳои гуногун маҳсулот истеҳсол накардааст.