Додситонии кулли Озарбойҷон қаблан хабар дода буд, ки панҷ шаҳрванд – сокини деҳаи Гашталти минтақаи Нафталон Элбрус Гурбанов ва чаҳор узви оилаи ӯ, аз ҷониби артиллерияи арманӣ тирборон шуданд. Ҷониби Арманистон хабар дод, ки ду ғайринизомӣ – як зан ва як кӯдак, дар натиҷаи тирбандозии низомиёни Озарбойҷон ба ҳалокат расиданд.
Дар ин авохир Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш ва чанд давлати дигар, аз ҷумла давлаҳои аврупоӣ аз Арманистон ва Озарбойҷон хостанд то ба ҷанг хотима бахшанд.
Пеш аз пошхӯрии ИҶШС дар соли 1991, Озарбойҷон ва Арманистон ба ҳайати Иттиҳод дохил буданд, аммо муноқишаи Қарабоғ се сол пеш аз он, дар моҳи феврали соли 1988, вақте ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғ аз ҷумҳурии Озарбойҷон баромадани худро эълон кард, оғоз ёфт.