Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” соли 2012 дар Маскав аз ҷониби соҳибкори тоҷик ва мухолифи сиёсӣ марҳум Умаралӣ Қувватов таъсис ёфтааст. Худи Умаралӣ Қувватов дар соли 2015 ба қатл расид ва пас аз кушта шудани ӯ Суҳроби Зафар раҳбари ин ҳаракат интихоб гардида буд.
Суҳроби Зафар, раҳбари собиқи гурӯҳ 10-уми марти соли ҷорӣ ва Насим Шарипов, фаъоли ин гурӯҳ 23-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия нопадид шуданд ва то иттилоияи Юсуф Раҳмон дар куҷо будани онҳо маълум набуд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов дар яке аз боздошгоҳҳои Душанбе қарор доранд, аммо ӯ аз иттиҳоми зидди онҳо, тафсилоти чӣ гуна аз Туркия ба Тоҷикистон оварданашон ва аз вазъи ин ду мухолифи режими худкомаи Раҳмонов чизе нагуфта буд.
Дар моҳи октябри соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Душанбе дар мурофиаи бастае дар Боздоштгоҳи рақами 1 бо иттиҳомоти сохта Суҳроби Зафарро ба 30 сол ва Насимҷон Шарифовро ба 20 сол зиндон маҳкум карда буд.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо нашри изҳороте ҳукмҳои тӯлонии Додгоҳи шаҳри Душанберо алайҳи Суҳроби Зафар ва Насимҷон Шарифов маҳкум карда, гуфта буд, ки ҳукм дар шароити фишор ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи инсон ва пур аз туҳмат содир шудаааст ва он боз як намунаи саркӯби озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқҳои қонунии мардум дар кишвар аст.