Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҳукми чанд тан аз фаъолони зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки соли гузашта боздошт ва бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон гардида буданд, “шарҳ” дод. “Вокуниш”-и додситонӣ имрӯз, 26-уми январ дар сомонаи расмиаш нашр шуда, дар он гуфта мешавад, ки хабару мақолаҳои “иғвоангез” дар расонаҳои “мухолифони сиёсии дар кишварҳои Аврупо […]
Кормандони AZDA TV· 26.01.2023
Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри изҳороте ҳукми чанд тан аз фаъолони зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки соли гузашта боздошт ва бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон гардида буданд, “шарҳ” дод.
“Вокуниш”-и додситонӣ имрӯз, 26-уми январ дар сомонаи расмиаш нашр шуда, дар он гуфта мешавад, ки хабару мақолаҳои “иғвоангез” дар расонаҳои “мухолифони сиёсии дар кишварҳои Аврупо қарордошта” дар бораи Улфатхоним Мамадшоева, Фаромуз Иргашев, Музаффар Муборакшоён, Хурсанд Мамадшоев, Манучеҳр Холиқназаров ва Хушрӯз Ҷумъаев бо “мақсади халалдор намудани сохти конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суботу амнияти миллӣ” нашр мешаванд.