
Раиси ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Мирҳусейн Нарзиев, бо пахши як изҳорот гуфтааст, ҲСТ бинобар хилофи Конститутсия таъйин намудани интихоботи президентӣ, баргузор гардидани он ғайриқонунӣ мебошад.
Нарзиев бо далелҳое мисли: таҳти дахолати ҳукумат қарор доштани ҷараёни интихобот, набудани имкониятҳои баробар ба ҳизби ҳоким ва аҳзоби мухолифин, инчунин фурсати кам ҷудо кардан барои ҷамъоварии 5% имзои интихобкунандаҳо дар баробари ин, интихоботи президентиро бе номзадҳои алтернативии воқеӣ (яъне ҳизбҳои оппозитсионӣ) доир намудан, тасарруфи ҳокимияти давлатӣ ва ҷиноят меҳисобад. Ба назари ӯ интихоботи навбатии президентӣ бе истифодаи технологияи нав «саҳначаи» қаблан тарҳрезикардаи ҳукумат аст. Бо ин далоил, ҳизби ӯ ин интихоботро ғайриқонунӣ унвон мекунад.
Мирҳусайн Нарзиев мегӯяд: “Рӯзи 6 август ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ хилофи талаботхои Конститутся тариқи оҷили интихоботи Президенти мамлакатро эълон намуданд. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интизорӣ дошт, ки интихоботи навбатии Президентӣ бо истифода аз технологияи нав – интихоботи биометрӣ баргузор мегардад, ки чунин шакли овоздиҳӣ ба тақаллубкориҳо хотима мебахшад. Новобаста аз ба даст овардани суботи сиёсӣ дар Точикистон, интихоботҳои тақаллубкоронаи қаблии Президентӣ ва Порлумонӣ бо ширкати номзадҳо аз гурӯҳ ва ҳизбҳои ҳукуматисохт, Тоҷикистонро аз меъёрҳои демократӣ ба канор бурда, боиси: рӯшди бемайлони фасод, ки ба амнияти давлат таҳдид намуда истодааст; хилофи Конститутсия ба Чин додани 1158 км мураббаъ масоҳати мамлакат, риоя нашудани адолати иҷтимоӣ (дар мисоли тақсими беадолатонаи моликияти Шӯравӣ инчунин нафақаи ночизтарин, ки боиси болоравии шиддати иҷтимоӣ ва хориҷи кишвар рахти сафар бастани садҳо ҳазор шаҳрвандон; аз байн бурда гуногунафкории сиёсӣ ва амалан ба яккаҳизбӣ раҳандозии аҳзоб; тасарруфи маблағҳои мизоҷон аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, набудани назорати мардумӣ аз болои харҷи маблағҳои бӯҷҷа ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд. Баргузории интихоботи Президентӣ тибқи “сахнача”-и қаблан тарҳрези намудаи ҳукумат (яъне танҳо бо ширкати ҲХДТ ва ҳизбҳои ҳукуматисохт, ки ба хотири фиреби назари интихобкунандагон ва ҷомеаи ҷаҳон тарҳрези шудаанд), мантиқи баргузории интихоботи демократиро комилан аз байн мебарад.”