27-уми сентябр як ҷавони 19-сола Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макронро ҳангоми вохӯрӣ бо мардум бо тухм зад. Акс аз навори видеоӣ Ҳангоми боздиди Раисҷумҳур аз намоишгоҳи хӯрок ва тағзия дар шаҳри Лиони Фаронса ҷавони 19-солае бо тухм Эммануэл Макронро зад ва он зоҳиран ба тухми ҷӯшонидашуда монанд буд, ки бар шонаи Президент расиду нашикаст. Пулис ҷавони […]
27-уми сентябр як ҷавони 19-сола Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макронро ҳангоми вохӯрӣ бо мардум бо тухм зад.
Акс аз навори видеоӣ
Ҳангоми боздиди Раисҷумҳур аз намоишгоҳи хӯрок ва тағзия дар шаҳри Лиони Фаронса ҷавони 19-солае бо тухм Эммануэл Макронро зад ва он зоҳиран ба тухми ҷӯшонидашуда монанд буд, ки бар шонаи Президент расиду нашикаст.
Пулис ҷавони ҳуҷумкунандаро, ки шиори “зинда бод ҷумҳурӣ” сар медод, фавран боздошт кард. Додситони шаҳри Лион хабар дод, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми “ҳуҷум бар намояндаи давлатӣ” парванда боз шудааст. Вале то ҳол қазияи ӯ маълум нест.