Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон беш аз 10 рӯз мешавад, ки аз саҳнаи сиёсии кишвар ғайб задааст.
Сомонаи расмии
Бо гузашти 11 рӯз аз ғайб задани Эмомалӣ Раҳмон аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч хабаре дар бораи дар куҷо қарор доштанаш нашр нашудааст. То рӯзи 7-уми август ҳамарӯза дар сомонаҳои ҳукуматӣ аз корҳо ва сафарҳои ӯ гузориш дода мешуд. Ғайб задани Эмомалӣ Раҳмон аз саҳyаи сиёсии Тоҷикистон пеш аз ин ҳам чанд маротибаи дигар сурат гирифта, сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда буд. Он замон тахминҳо гуногун буданд. Гурӯҳе ба ин назар буданд, ки раисҷумҳур дар кома қарор дорад, гурӯҳи дигар мутмаин буданд кайҳо ҷон додааст. Гурӯҳи саввум тахмин зада буданд, ки Раҳмон барои табобат ба хориҷ рафта буд. Ҳамчунин қисми дигари мардум бар ин назар буданд, ки ӯ ба куҷое ба истироҳат ё тибқи одатҳои пешина “запой” (мастии дуру дароз) рафта буд.