Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Чин бо нигаронӣ аз вазъи Афғонистон гуфт, “Тоҷикистон ба истиқрори сулҳу субот дар он кишвар бори дигар таъкид” мекунад.

Имрӯз, 25-уми январ Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, ки ба муносибати 30-умин солгарди барқароррии робитаҳои дипломатӣ баргузор шуд, бар “зарурати тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи амният, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамзамон мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак таъкид кард.”
Аммо Президенти Тоҷикистон бидуни ном бурдан аз Афғонисон ҳамоно он кишварро яке аз манбаъҳои таҳдиди хатарҳои муштарак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин унвон карда, афзуд: “Дар ин зимн муқовимат дар баробари терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ ва ҳамзамон ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа”-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин мебошанд.