УМУМӢ

Дар Тоҷикистон маоши кормандони низомӣ ва амният 25% афзоиш ёфт

Рӯзи 13-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне маоши кормандони низомию амният ва инчунин соҳаҳои дигари буҷетии кишварро зиёд кард. Акс аз “Sputnik / Стас Этвеш” Ҳамчунин дар Фармон гуфта мешавад, ки аз 1 июли соли 2022 “ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як […]

Рӯзи 13-уми январ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне маоши кормандони низомию амният ва инчунин соҳаҳои дигари буҷетии кишварро зиёд кард.

Акс аз “Sputnik / Стас Этвеш”

Ҳамчунин дар Фармон гуфта мешавад, ки аз 1 июли соли 2022 “ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.”

Дар баробари ин низ бар маоши кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, додситонӣ, додгоҳӣ ва дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 дарсад зиёда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар ин Фармони худ ҳаҷми нафақаи донишҷӯёнро 20 дарсад ва ҳаҷми нафақаи ятимону ноболиғонро 25 дарсад афзоиш дод.

Коршиносон Фармони Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди зиёд кардани музди меҳнати кормандони буҷетии кишвар ба маврид медонанд. Ба гуфтаи онҳо агарчи дар баробари гаронии маводи аввалия ночиз аст, аммо то андазае метавонад барои кормандони давлатӣ дилгармкунанда бошад.

Шуруъ аз аввали соли гузашта дар кишвар якбора нархи сӯзишворӣ наздики 50% гарон шуд, ки он дар нархи дигар маҳсулоти ниёзи аввал бетаъсир намонд. Пас аз он роҳкирои мусофиркашонӣ гарон шуд ва баъдтар нархи орд, ки аз ҳама ғизои асосӣ ба шумор меравад, наздик ба 300 сомонӣ расид.  

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.