Маросими имзои Ёддоштҳо дар бораи ба Ҷумҳурии Мисри Араб ва Давлати Қатар додани мақоми шарики муколамаи СҲШ
Бино ба иттилои “Asia-Plus”, дар остонаи баргузории саммити навбатии СҲШ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон 10 кишвари дигар, Сурия, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Амороти Муттаҳидаи Араб, Мянма, Камбоҷа, Непал, Арманистон ва Озарбойҷон хостори узвият дар ин созмон шудаанд. Дар назар аст, ки раванди узвияти Белорус ба ин созмон оғоз шавад.
СҲШ соли 1996 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таъсис ёфта, Туркия шарики муколамаи ин созмон мебошад.
То шомил шудани Узбекистон ба СҲШ дар соли 2001 ин созмон “Панҷгонаи Шанхай” ном дошт.
Июни соли 2017 ба ин созмон Ҳиндустону Покистон пайвастанд.
Ҷумҳирии исломии Эрон аз соли 2005 кишвари нозири СҲШ интихоб гардида, раванди пайвастани Эрон ба узвияти комили ин созмон соли 2021 оғоз шуд.
Ёдовар мешавем, ки нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд таҳти раёсати раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор мешавад.
Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ҳам сарони кишварҳои узв ва ҳам нозирони ин созмон ва раҳбарони кишварҳои даъватшуда, аз ҷумла Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ширкат хоҳанд кард.