Ба гуфтаи Абдуллоҳиён, маҳз ба ин далел, Эрон ишғоли Қрим ва вилоятҳои Луганск ва Донетскро аз ҷониби Русия “бо вуҷуди равобити олии Теҳрон ва Маскав” эътироф накард.
Абдуллоҳиён дар ин мусоҳибааш таъкид кард, ки, Эрон мухолифи ҷанг дар Украина аст ва тарафдори ҳалли сиёсии низоъ мебошад.
“Мо барои миёнаравӣ байни Киев ва Маскав дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва президентҳо кӯшиши зиёд ба харҷ додем ва умедворем, ки ба зудӣ дар Украина сулҳ барқарор мешавад ва ҷанг хотима меёбад” – афзуд ӯ.
Дар ҳоле вазири корҳои хориҷаи Эрон зидди ҷанг дар Украина ва ғасби минтақаҳои ин кишвар аз ҷониби Русия мавқеъ мегирад, ки дар гузашта хабарҳое нашр шуда буд, ки мегуфтанд, Эрон ба Русия паҳподҳои “Shahed-131” ва “Shahed-136”-ро дода ва Русия онҳоро барои ҳамла ба инфрасохтори муҳими Украина истифода мебарад.