Чиро? Зеро аксари хатмкунандагонашон ҷои кор намеёбанду ночоранд Русия раванд.
Қаблан ҳам боақлтарини боақлҳо дар хутбае аз хутбаҳояшон фармуда буданд, ки: “Мо коргоҳҳои қолибофиро дигар аз паяш намегардем. Эрон қолин дорад бас…”
Реклама / Advertisement
Ҳамин тавр, чун ҳамаи истеҳсолотро Чин дораду моро таъмин мекунад, пас дигар ҳеч донишгоҳу донишкадае ҳам лозим нест.
Танҳо як Донишгоҳи бузург лозим дорем, ки метавонад як факулта дошта бошад ва албатта зери номи ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он бояд ҷумлаи “дар назди пирезиденти Тоҷикистон”-бошад!
Ин Донишгоҳ “Лес” ва факултаи ягонаи он “ФАКЛЕС” ном дошта метавонад!
Албатта дар забони умумии форсӣ калимаи “Факлес” наву номафҳмост, аммо дар “забони тоҷикӣ” ҳама онро мефаҳманд. Бахши русии ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он низ ҳатмист ва онро “ЛЕСФАК” метавон ном гузошт.
Ин Донишгоҳу факултаи ягонаи он дар шароити кунунӣ ва дар миёни донишгоҳҳои ҷаҳон бемонанд хоҳад буд ва Кишвари моро зуд “ба пеш” мебарад!
Чунин Донишгоҳу факултаи онро ҳеч кишваре надорад! Хубии ин Донишгоҳ он аст, ки барои донишҷӯи он шудан шарт нест аз деҳот, аз шаҳристонҳо, шаҳрҳо, устонҳо, ҳаволии Пойтахт, пулу вақт сарф карда ба Пойтахт оянд.
Метавон дар худи деҳа, шаҳристон, устон, Пойтахт ва ҳатто дар Русия истода ба он қабул шуд ва бо Дипломи сурх ё сабз ё ҳар ранги дигар онро тамом кард.